Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Оё медонед ғайбат чист?" Гуфтанд: Аллоҳ ва Паёмбараш огоҳтаранд. Гуфт: "Бародаратро ба ончи, ки дӯст надорад ёд кунӣ" Гуфтанд: агар ончи мегӯям дар бародарам бошад чӣ? Гуфт: "Агар ончи мегӯи дар ӯ бошад, ӯро ғайбат кардаи ва агар ончи мегӯи дар ӯ набошад бар ӯ тӯҳмат задаи". Sahih/Authentic. - Muslim
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳақиқати ғайбати ҳаромро баён фармуда мегӯянд, ки он: зикр кардани як мусалмон дар ғоиб аз чизе, ки дӯст надорад аст, чи аз сифатҳои марбут ба тан ва чеҳраи ӯ бошад ва ё марбут ба равиш ва ахлоқи ӯ, ба монанди: кӯр, кӯтоҳ ва ё фиребгар ва дурӯғгӯ ва ё дигар хислатҳои нописанд, агарчи хислатҳои мазкур дар ӯ бошанд. Аммо агар сифатҳои мазкур дар ӯ набошад, пас он бадтар аз ғайбат аст, ки ба он бӯҳтон гуфта мешавад, яъне: тӯҳмат задан ба инсон ба ончи ки дар ӯ нест.

explain-icon

fawaed

  • Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба як равиши нек таълим медоданд, ба гунае, ки масъалаҳоро ба шеваи пурсиш баён мефармуданд.
  • Адаб ва рафтори неки саҳобагон дар баробари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), чунончи дар посух гуфтанд: Худо ва Паёмбараш беҳтар медонанд.
  • Шахсе чун дар мавриди чизе, ки намедонад пурсида шавад, мегӯяд: Аллоҳу Аълам (Худо беҳтар медонад).
  • Ҳифзи қавонини шариъат марбут бо ҳифзи ҳуқуқ ва бародарӣ дар ҷомеа аст.
  • Ғайбат кардан ҳаром аст, магар дар баъзе аз маворид, ки барои маслиҳати ҷомеа аст, аз ҷумла: дафъи зулм, чунончи шахси мазлум назди касе, ки тавони дафъи зулм ва гирифтани ҳаққи ӯро дорад меравад ва мегӯяд: фалонӣ бар ман зулм кард, ё фалон чунин кореро дар ҳаққи ман кардааст. Ё машварат ва маслиҳат дар мавриди ақди никоҳ, шарикӣ дар мол ва тиҷорат ва ё дар мавриди ҳамсоядорӣ бошад.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар