Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амалҳоеро, ки анҷом додани онҳо ширк аст, баён фармуданд, аз ҷумла: Аввал: Руқия (-и ғайри шаръӣ), яъне суханоне, ки дар он ширк аст ва аҳли ҷоҳилият онро ба хотири шифо ёфтан мехонданд. Дуввум: Тумор, яъне мӯҳра ва дигар чизҳое, ки барои дафъи чашм дар тани кӯдакон ва ҳайвонот меовезанд. Севум: Тивала, ки барои муҳаббат андохтан ва дӯст доштани яке аз ҳамсарон барои дигаре сохта мешавад. Ин чизҳо аз ҷумлаи ширк ҳастанд, зеро як чизро бе ягон далели шаръӣ ва ё далели ҳиссӣ, сабаби шаръӣ ва ҳиссӣ қарор медиҳад. Аммо дар мавриди сабабҳои шаръӣ, монанди Қуръон хондан ё сабабҳои ҳиссӣ, монанди доруҳое ки бо таҷриба ва озмоиш собит шудааст, ба шарти танҳо як сабаб донистани он ва инки нафъ ва зарар ба дасти Аллоҳ аст, ҷоиз аст.