Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки дин бар пояи ихлос ва ростгӯӣ устувор аст, то он гоҳ ки ба таври комил ва бе кӯтоҳӣ ё фиреб адо гардад, тавре ки Худованд фарз гардондааст. Пас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсида шуд, ки насиҳат барои чи касе аст? Фармуданд: Аввал: Насиҳат барои Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло, яъне: ихлоси аъмол танҳо барои Ӯ бошад; ба Ӯ ширк оварда нашавад; ба рубубият, улуҳият, номҳо ва сифатҳои Ӯ имон оварда шавад; фармону бузургии Ӯ эҳтиром гардад ва мардумро ба имон овардан ба Ӯ даъват намудан. Дуюм: Насиҳат барои китоби Ӯ, яъне Қуръони Карим, бо ин ки бовар дошта бошем, ки он каломи Ӯ ва охирин китобаш аст, ки нозил шудааст, тамоми шариатҳои пешинро насх кардааст; онро бузург шуморем ва ба дурустӣ тиловаташ кунем; ба аҳкомаш амал намоем; ба муташобеҳоташ таслим шавем; аз таъвили ботили таҳрифгарон онро дифоъ кунем; аз мавъизаҳояш ибрат гирем; илмашро паҳн намоем ва мардумро ба он даъват кунем. Сеюм: Насиҳат барои Расули Худо Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) — бо ин бовар, ки Ӯ охирин паёмбар аст, ба он чи овардааст, имон оварем; фармонҳояшро итоат кунем; аз манъкардаҳояш дурӣ ҷӯем; танҳо мувофиқи он чи ӯ баён кардааст, Худоро ибодат кунем; ӯро бузург шуморем; эҳтиромаш кунем; даъваташро паҳн намоем; шариаташро таблиғ кунем ва ҳар туҳматеро, ки ба ӯ баста мешавад, рад кунем. Чаҳорум: Насиҳат барои пешвоёни мусалмонҳо, бо ёрӣ карданашон дар ҳақ; ихтилоф накардан бо онҳо дар амри ҳукумат; ва шунидану итоат кардан ба онҳо дар он чи итоати Худо аст. Панҷум: Насиҳат барои мусалмонҳо, ба онҳо некӣ кардан; даъват карданашон ба хайр; зарар нарасондан ба онҳо; дӯст доштани некӣ барои онҳо ва ҳамкорӣ бо онҳо дар корҳои нек ва парҳезгорӣ.